Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319), Теҳрон, Дабирхонаи Фарҳангистон.
Фарҳангистони Эрон ниҳоде буд, ки дар 29 ардибиҳишти 1314 барои посдорӣ ва полоиши забону дабираи порсӣ ба фармони Ризошоҳ оғоз ба кор ва кӯшишҳои худро то соли 1333 дунбол кард. Онро “Фарҳангистони нахуст” низ номидаанд.
Хешкориҳои ин фарҳангистон бар пояи паймонномааш чунин буд: “Тартиби фарҳанг ба қасди радду қабули луғот ва истилоҳот дар забони форсӣ, ихтиёри алфозу истилоҳот дар ҳар ришта аз риштаҳои зиндагонӣ, перостани забони форсӣ аз алфози номутаносиби хориҷӣ, таҳияи дастури забон, ҷамъоварии луғату истилоҳоти пешаварону санъатгарон ва алфозу истилоҳоти қадимӣ ва ашъору амсолу қисасу наводир ва таронаҳову оҳангҳои вилоятӣ, ҳидояти афкор ба ҳақиқати адабиёт ва чигунагии назму наср, ташвиқи шуъарову нивисандагон дар эҷоди шоҳкорҳои адабӣ, таълифу тарҷумаи кутуби судманд ва мутолеъаву ислоҳи хатти форсӣ.”
Фарҳангистони Эрон дарбардорандаи гурӯҳҳои зер буд: кумисиюни истилоҳоти идорӣ, кумисиюни истилоҳоти додгустарӣ, кумисиюни истилоҳоти илмӣ, кумисиюни дастури забони форсӣ, кумисиюни фарҳанг, кумисиюни роҳнамоӣ, кумисиюни ҷуғрофиёӣ ва истилоҳоти фарҳангӣ ва кумисиюни пизишкӣ. Дар ин гурӯҳҳо донишмандони барҷастаи он рӯзгор ҳамвандӣ доштанд ва ба кори вожасозӣ ва дигар омоҷҳои Фарҳангистони Эрон машғул буданд.
Фарнишинӣ (риёсат)-и Фарҳангистон бар дӯши Муҳаммадъалии Фурӯғӣ (арбидиҳишти 1314), Ҳасани Вусуқ (озари 1314), Алиасғари Ҳикмат (ардибиҳишти 1317), Исмоъили Миръот (амурдоди 1317), Исо Садиқ (меҳри 1320), бори дигар Муҳаммадъалии Фурӯғӣ (озари 1320) ва Ҳусейни Самеъӣ (1321) будааст.
Нахустин нишасти Фарҳангистон 12 хурдоди 1314 дар сохтмони пешини Донишкадаи ҳуқуқ ба фарнишинии Муҳаммадъалии Фурӯғӣ (Закоулмулк), нахуствазири он ҳангом, барпо шуд ва то шаҳривари 1320 ба дарозои 6 сол дар заминаи посдориву полоиши забони порсӣ кӯшид. Бахше аз дастовардҳои он дар ин дафтари “Вожаҳои нав” чоп шудааст, ки хонандагони Порсӣ Анҷуман метавонанд онро аз роҳи пайванди зер боргирӣ кунанд.
Ҳамвандони пайвастаи Фарҳангистон: Исмоъили Миръот, Ҳасани Исфандиёрӣ, Муҳаммадъалии Фурӯғӣ, Аҳмад Матин-Дафтарӣ, Алиасғари Ҳикмат, Ҳусайни Самеъӣ, Амири Аълам, Валиуллоҳи Наср, Ғуломҳусайни Раҳнамо, Аҳмади Аштарӣ, Мустафо Адл, Аҳмади Нахҷавон, Исо Садиқ, Муҳаммади Қазвинӣ, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Ҳусайни Гулгулоб, Содиқи Ризозодаи Шафақ, Абдулъазими Қариб, Ғуломҳусайни Муқтадир, Маҳмуди Ҳисобӣ, Алиакбари Сиёсӣ, Қосими Ғанӣ, Рашиди Ёсимӣ, Муҳаммадтақии Баҳор, Аббоси Иқболи Оштиёнӣ, Ҷамолиддини Ахавӣ, Иброҳими Пурдовуд, Ҳасанъалии Мусташор ва Муҳаммади Ҳиҷозӣ буданд.
Ҳамвандони вобастаи фарҳангистон низ: Муҳаммадъалии Ҷамолзода, Фахри Адҳам, Кристенсен (Донморк), Ҳонри Мосе (Фаронса), Ён Рипко (Чекуслувокӣ), Муҳаммадҳусайни Ҳайкал (вазири фарҳанги Миср), Муҳаммади Рафъат Пошо (фарнишини Фарҳангистони Миср), Мансурбеки Фаҳмӣ ва Алибек ал-Ҷорим (Миср) буданд.
Бо канорагирии Ризошоҳ аз 1320 то 1332 кори забонпероӣ ва вожасозии Фарҳангистон дучори истоӣ шуд ва то соли 1333, ки ба кори худ поён дод, бештар дар заминаҳои адабӣ пажӯҳид.
Дар нигоҳе гузаро метавон гуфт, ки бештари кӯшишҳои Фарҳангистони Эрон дар заминаи вожагузинӣ буд, ки бо рӯйовариши густардаи тӯдаҳои мардум низ рӯбарӯ шуд.
Бархе аз ин вожагон чунинанд:
Иттифоия = оташнишонӣ
Сонаториюм = осоишгоҳ
Эҳсоия = омор
Сувейлур = олудагӣ
Вейлур = арзиш
Муҳаррики билфеъл = ангеза
Узвулҷисм = андом
Авдат илал мабдаъ = бозгашт
Таъдия = пардохт
Прунустик = пешбинӣ
Шароит ал-муъайян = пешниҳод
Ҷиҳоз = дастгоҳ
Тамом-ал-матоъ = сармоя
Узв-ал-идора = корманд
Мизон-ал-ҳарора = дамосанҷ
Зариби зовия = шеб
Касир-ул-азлоъ = чандзилъӣ
Касир-ул-ҷумла = чандҷумлаӣ
Мутавозӣ-ал-азлоъ = ҳамрӯбар
Окис = бозтобанда
Инфисол = нопайвастагӣ
Суъудии акид = якнавоафзоишӣ
Адлия = додгустарӣ
Вазорати молия = дороӣ
Тайёра = ҳавопаймо
Дархост = мутолиба
Вожаҳои нави Фарҳангистони Эронро аз “инҷо” боргузорӣ фармоед.
Дигар “Наскҳои Порсӣ Анҷуман”
Порсии сара
… (1390): Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (2 мегобойт)
Партав, Абулқосим (1377), Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); Китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).
Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо”(5 мегобойт).
Фарҳанг
Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).
Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347);Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон:Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо”(16 мегобойт).
Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт).
Торихи забон ва дабираи порсӣ
Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум, Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).
Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ
… (1391); Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо”(4 мегобойт).
Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт).
Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи “Порсӣ Анҷуман” бингаред.
Матни порсии ин матлабро “инҷо” бихонед
Бифирист